Гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бо ҳар роҳу восита ҷавонони ноогоҳро ба амалҳои зишти ғайриинсонӣ ҷалб карда, дар тамоми гушаву канори дунё ҳадафҳои муғризонаи хешро пиëда месозанд.
Ҳодисаҳои террористии чанд соли охир дар кишварҳои дунё, ки муҷиби ҳалокати садҳо ҳазор аҳолии осоишта ва бесарпаноҳ мондани онҳо гардид, ҳар як инсонро бетараф гузошта наметавонад. Ин амалҳои муғризонаи гурӯҳҳои террористӣ тадриҷан густурда гардида, онҳо бо ин роҳ мехоҳанд вазъи имрузаи ҷаҳонро ноором карда, ҳадафҳои нопоки хешро амали намоянд.
Амали террористие, ки дар таърихи 29-уми июли соли 2018 дар ноҳияи Данғара аз ҷониби як гурӯҳ хоинон ва ҳайвонсиратон сурат гирифта боиси марги чор нафар сайёҳи хориҷӣ ва захм бардоштани се нафари онҳо гардид, мо тоҷикони муқими Чумхурии Тотористон ин амали ноҷавонмардонаро сахт маҳкум мекунем. Мардуми тамаддунофари тоҷик аз қадимулаём меҳмондӯст буда, барои кули мардумони дунё оғуши гарму инсондӯстонаи хешро боз мекунад. Рафтори ғайриинсонии чанде аз гумроҳону ҳайвонсиратон наметавонад вазъи имрӯзаи кишвари моро ноором созад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як кишвари ободу зебо ва пешрафта табдил ёфта, сол то сол обруву нуфузи он бо ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ баланд мегардад. Ин ҳама пешравиҳои босуръати кишвари моро бадхоҳони миллат тоб наоварда мехоҳанд бо ҳадафҳои муғризонаи хеш зиндагии осоиштаи мардумро ноором созанд.
Мо тоҷикони Чумхурии Тотористони Федератсияи Россия аз ҳамаи ҷавонон даъват менамоем, ки фирефтаи андешаҳои бадхоҳони Ҳизби террористии наҳзати ислом ва дигар гуруҳҳои террористӣ нагарданд. Барои ободию пешрафти кишвари маҳбубамон мо тоҷикони бурунмарзӣ сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами милатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, ҷиҳати таҳкиму сулҳу ваҳдат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ саҳмгузор хохем буд.
Информационный центр ДДнТ