В рамках визита на международный форум «Россия — Исламский мир: KazanForum» делегация из Республики Таджикистан посетила Дом Дружбы народов Татарстана.
В рамках визита состоялась встреча с заместителем председателя Комитета молодежи и спорта Республики Таджикистан Чоршанбезода Сураш Сайнаком и начальником физической культуры и развития спорта Республики Таджикистан Шокирзода Мухаммадтолибом.
Руководитель НКА таджиков Сабриддин Тоиров, рассказал о работе НКА таджиков, об активистах молодежного движения и мероприятиях, которые проводят. Также самым активным активистам были вручены дипломы.
Дар хонаи дӯстии халқҳои Ҷумҳурии Тотористони Фед Россия дар доираи баргузории»Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» вохӯрии муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода ва сардори шӯъбаи тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Муҳаммадтолиб бо фаъолони ҷамъиятӣ тоҷикони Тотористони Федератсияи Россия сурат гирифт.
Дар оғоз, бо иштироки роҳбари ҷамъияти тоҷикони Ҷумҳурии Тотористони Тоиров Сабриддин меҳмонон аз осорхонаи хонаи дӯстии , мактаби якшанбегии ҷамъиятӣ тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон, ки дар он рӯзҳои якшанбе фарзандони муҳоҷирони тоҷик бо омӯзиши забони тоҷикӣ машғуланд дидан намуда, бо фаъолияти ҷамъияти тоҷикони Ҷумҳурии Тотористон аз наздик шинос шуданд.
Дар идомаи чорабинӣ муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Чоршанбезода Сураҷ бо фаъолҷавонон вобаста ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арз гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, пешгири намудани шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта суҳбати пурмуҳтаво намуд.
Аз ҷумла қайд карда шуд, ки аксарияти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо идомадиҳандаи фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд. Маҳз бо дастгириҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони даврони соҳибистиқлолии кишвар имкон пайдо кардаанд, ки дар соҳаҳои мухталиф фаъолият намуда, дар пешрафту шукуфоии кишвар саҳм дошта бошанд.
Боиси ифтихор ва саодатмандии мост, ки ҷавонони тоҷик дер зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ собит намуд, ки ин насли ояндасози миллат метавонанд дар ташаккули сиёсати давлатӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон саҳм гузоранд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз номи Раиси кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси Ҷамъияти тоҷикони Тотористон Сабриддин Тоиров ва ба ҷавонони фаъоли тоҷик, ки дар шаҳри Қазон зиндагӣ мекунанд «Сипоснома»-и кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Камила Сибгатуллина,
Информационный центр ДДнТ