Перейти к содержимому
РОО «Национально-культурная автономия таджиков Республики Татарстан»

РОО «Национально-культурная автономия таджиков Республики Татарстан»

Основное меню
  • Портал
  • Главная
  • Об организации
    • Руководство
    • Структура
    • Документы
    • Контакты
  • Новости
  • Медиа
    • Видео
    • Фото
  • Гостевая
  • Главная
  • Новости
  • Изҳороти тоҷикони Чумхурии Тотористон оид ба амали фоҷиабори террористӣ дар ноҳияи Данғара.

Изҳороти тоҷикони Чумхурии Тотористон оид ба амали фоҷиабори террористӣ дар ноҳияи Данғара.

admin 16.08.2018
(16 августа 2018) Терроризму ифротгароӣ ҳамчун вабои аср хатароти бузургеро пешоруи  инсоният қарор дода, гурӯҳҳои даҳшатафкани террористӣ солҳои охир бо амалҳои ноҷавонмардона мардуми осоиштаро бехонумону қурбон мекунанд.

Гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бо ҳар роҳу восита ҷавонони ноогоҳро ба амалҳои зишти ғайриинсонӣ ҷалб карда, дар тамоми гушаву канори дунё ҳадафҳои муғризонаи хешро пиëда месозанд.

Ҳодисаҳои террористии чанд соли охир дар кишварҳои дунё, ки муҷиби ҳалокати садҳо ҳазор аҳолии осоишта ва бесарпаноҳ  мондани онҳо гардид, ҳар як инсонро бетараф гузошта наметавонад. Ин амалҳои муғризонаи  гурӯҳҳои террористӣ тадриҷан густурда гардида, онҳо бо  ин роҳ мехоҳанд вазъи имрузаи ҷаҳонро ноором карда, ҳадафҳои нопоки хешро  амали намоянд.

Амали террористие, ки дар таърихи 29-уми июли соли 2018 дар ноҳияи Данғара аз ҷониби як гурӯҳ хоинон ва ҳайвонсиратон сурат гирифта боиси марги чор нафар сайёҳи хориҷӣ  ва захм бардоштани се нафари онҳо гардид, мо тоҷикони муқими Чумхурии Тотористон ин амали ноҷавонмардонаро сахт маҳкум мекунем. Мардуми тамаддунофари тоҷик аз қадимулаём меҳмондӯст буда, барои кули мардумони дунё оғуши  гарму инсондӯстонаи хешро боз мекунад. Рафтори ғайриинсонии чанде аз гумроҳону ҳайвонсиратон наметавонад вазъи имрӯзаи кишвари моро  ноором созад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба як кишвари ободу зебо ва пешрафта табдил ёфта,  сол то сол обруву нуфузи он бо ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ  баланд мегардад. Ин ҳама пешравиҳои босуръати кишвари моро бадхоҳони миллат тоб наоварда мехоҳанд бо ҳадафҳои муғризонаи хеш зиндагии осоиштаи мардумро ноором созанд.

Мо тоҷикони Чумхурии Тотористони Федератсияи Россия аз ҳамаи ҷавонон даъват менамоем, ки фирефтаи  андешаҳои бадхоҳони Ҳизби террористии наҳзати ислом ва дигар гуруҳҳои террористӣ нагарданд.  Барои ободию пешрафти кишвари маҳбубамон мо тоҷикони бурунмарзӣ сиёсати  хирадмандонаи Пешвои муаззами милатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, ҷиҳати таҳкиму сулҳу ваҳдат ва ҳифзи арзишҳои миллӣ  бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ саҳмгузор хохем буд.

Информационный центр ДДнТ

 

Continue Reading

Previous: В Челябинске состоялся международный круглый стол
Next: В Душанбе пройдет международный теннисный турнир на Кубок президента Таджикистана

Национальное информационное агентство Таджикистана

media


Подробнее

Активисты таджикского объединения РТ подарили бойцу СВО необходимое снаряжение

Активисты таджикского объединения РТ подарили бойцу СВО необходимое снаряжение

30.10.2025
В Казани состоялось учредительное собрание национально-культурной автономии таджиков Татарстана

В Казани состоялось учредительное собрание национально-культурной автономии таджиков Татарстана

21.10.2025
В Казани отметили день таджикского языка

В Казани отметили день таджикского языка

06.10.2025
Таджики Татарстана отметят день родного таджикского языка

Таджики Татарстана отметят день родного таджикского языка

02.10.2025
bn-of-rt bn-uslugi bn-ufms bn-anrussia bn-prch
 ДЛЯ СЛАБОВИДЯЩИХ
© РОО «Ассамблея народов Татарстана» Тел.: 8 (843) 237-97-99 E-mail: an-tatarstan@yandex.ru
ГБУ «Дом Дружбы народов Татарстана» Тел.: 8 (843) 237-97-90 E-mail: mk.ddn@tatar.ru
420107, г. Казань, ул. Павлюхина, д. 57